Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рӯзҳои 16-17 августи соли 2024 бо Раиси вилояти мазкур Алиризо Қосимӣ Фарзод мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо, бо изҳори қаноатмандӣ аз густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон зарурати фаъол гардонидани робитаҳои гуногунҷанба миёни вилоятҳои ду кишвар, аз ҷумла Хатлони Тоҷикистон ва Ҳамадони Эронро таъкид карданд.
Алиризо Қосимӣ Фарзод зарфият ва тавонмандиҳои вилояти Ҳамадонро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, металлургия, тиб, фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид карда, омодагии фаъолони иқтисодии вилоятро барои табодули таҷриба миёни мутахассисон, баргузории чорабиниҳои муштараки иқтисодиву тиҷоратӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуд.

Дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Ҳамадон Саидмасъуди Ҳусайнӣ масъалаҳои фаъол намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Кӯлоб ва Ҳамадон баррасӣ гардида, шахсияти ориф ва мутафаккири бузург Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ба унвони ҳалқаи пайванди ин ду шаҳри бостонӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо бо ишора ба мавҷудияти хиёбони Кӯлоб ва Хонаи Кӯлоб дар Ҳамадон ва мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб доир ба табодули ҳайатҳо ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар ин ду шаҳри бостонӣ изҳори назар карданд. Дар ин росто, нақши лағви раводид миёни Тоҷикистону Эрон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин дар Утоқи бозаргонӣ саноат, маъдан ва кишоварзии Ҳамадон нишасте бо фаъолони иқтисодӣ ва сармоягузории вилоят баргузор гардид, ки зимни он зарфиятҳои Тоҷикистон ва Ҳамадон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ муаррифӣ гардиданд.
Сафир фаъолони иқтисодии Ҳамадонро барои сармоягузорӣ ва таъсиси коргоҳҳои иқтисодӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб даъват намуд.

