Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли СҲИ

22.08.2024 11:00

22 августи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ доктор Асад Маҷид Хон вохӯрӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафир ба Дабири кулли навтаъйини СҲИ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат ба рушди фаъолиятҳои СҲИ изҳор кард.

Лозим ба таъкид аст, ки Асад Маҷид Хон намояндаи Ҷумҳурии Исломии Покистон буда, ӯ баъди итмоми маъмурияти намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар мақоми Дабири кулли СҲИ, ба фаъолият дар ин Созмон оғоз намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg