Мулоқот бо Устондори Хуросони Разавии Эрон

14.09.2024 07:55

14 сентябри соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни сафари корӣ ба шаҳри Машҳад бо устондор (раиси вилоят)-и Хуросони Разавӣ Яъкубалӣ Назарӣ вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкориҳои байниминтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои  иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангиву илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg