Баргузории маросими ифтитоҳии давраи мутолиотӣ барои кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон

07.10.2024 12:58

7 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи улумпизишкии Эрон дар Теҳрон маросими ифтитоҳии давраи мутолиотӣ барои кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон дар мавзӯи “Расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ” бо иштироки роҳбарият ва устодони Донишгоҳи улумпизишкии Эрон, намояндагони Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор гардид.

Дар ибтидои маросим паёми видеоии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Абдуллозода ба таваҷҷуҳи ширкаткунандагони маросим манзур шуд, ки дар он сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ба нафъи ду кишвари дӯст хидмат кардани ин ҳамкориҳо таъкид гардид.

 Зимни суханрониҳои худ Раиси Донишгоҳи улумпизишкии Эрон доктор Абдулризо Позукӣ, мушовири Вазири беҳдошт,  дармон ва омӯзиши пизишкии ҶИЭ оид ба равобити байналмилалӣ доктор Муҳаммад Ҳусайн Некном, мушовирии олии Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии ҶИЭ доктор Осоӣ, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Теҳрон доктор Сайид Ҷаъфар Ҳусайн ва дигар мутахассисони соҳаи тибби Эрон зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҷиҳати иртиқои сатҳи хидматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла расонидани кумакҳои аввалияи тиббиро таъкид карда, баргузории давраи мутолиотиро барои кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон яке аз намунаҳои хуби чунин ҳамкориҳои судманд арзёбӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ ба ҷониби эронӣ барои баргузории давраи мутолиотӣ барои кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон изҳори сипос намуда, густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ миёни Тоҷикистону Эронро маҳсули иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду кишвари ҳамзабон донист.

Дар давраи мутолиотии мазкур, ки 10 рӯз давом мекунад, 24 нафар роҳбарони марказҳои саломатии шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg