17 октябри соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Табрез бо шаҳрдори он Яъқуби Ҳушёр мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Хуҷанд ва Табрезро мавриди баррасӣ қарор доданд ва шахсияти шоир ва орифи бузург Камоли Хуҷандиро, ки оромгоҳаш дар Табриз қарор дорад, ҳалқаи пайванди ин ду шаҳри бостонӣ донистанд. Ҷонибҳо ҷиҳати такон бахшидан ба робитаҳои бародаршаҳрӣ танзими рӯзҳои фарҳангу ҳунар дар Хуҷанду Табрез, мубодилаи ҳайатҳои намояндагони илму адаб, ташкили намоишгоҳҳои тиҷориву иқтисодӣ ва барномаҳои дигарро зарур шумориданд.