23 октябри соли 2024 дар шаҳри Машҳад нишасти Шӯрои соҳибкорони Эрону Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва аъзои Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар ҶИЭ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, соҳибкорони тоҷик ва доираи васеъи фаъолони иқтисодии Хуросони Разавӣ иштирок карданд.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва тиҷорат баррасӣ гардида, миёни фаъолони иқтисодии Тоикистону Эрон оид ба роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳо, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ва таъсиси корхонаҳои муштарак мубодилаи афкору таҷриба сурат гирифт.
Нишасти мазкур дар фазои анъанавии дӯстона доир гардид.
Қобили зикр аст, ки аз 22 то 29 октябри соли равон ҳайати соҳибкорони тоҷик бо сафари корӣ дар Эрон қарор дошта, зимни он боздиду музокироти онҳо бо фаъолони иқтисодии соҳаҳои саноат, металлургия, кишоварзӣ ва дорусозии Хуросони Разавӣ пешбинӣ шудааст.