Дӯстон ва ҳамватанони азизи муқими Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Сафорати Тоҷикистон ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик менамояд.
Ҳанӯз 30 сол муқаддам мардуми шарафманди кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷиконро қабул карданд.
Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Миллати тоҷик ба шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз карда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ шинохта шудааст.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду демократӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан тандурустиву иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоем.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
