4 ноябри соли 2024 дар майдони Муҳаммадии шаҳри Теҳрон маросими ифтитоҳи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳузури Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии ҶИЭ Маҳмуд Шолуӣ, Раиси Шӯрои шаҳри Теҳрон Маҳдӣ Чамрон, донишмандон ва пажӯҳишгарони Эрон баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуда, мардуми Эронро бо ифтитоҳи муҷассамаи Мавлоно табрик гуфт ва андешаҳояшро доир ба аҳамияти осор ва ашъори Мавлоно дар ҷаҳони муосир баён намуд.