"Дафтари Порис" дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд

04.11.2024 18:37

Муассисаи фарҳангии ЭКО маросими рӯнамоӣ аз китоби "Дафтари Порис", навиштаи устод Қутбӣ Киром-Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии Рӯдакиро бо ширкати сафирон ва донишмандони кишварҳои ЭКО баргузор намуд.

Дар маросими мазкур Низомиддин Зоҳидӣ-Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи шахсияти адабии Қутбӣ Киром ва вижагиҳои китоби "Дафтари Порис"-и ӯ суханронӣ намуд.

Сафири Тоҷикистон ихтисоси нахустин барнома аз силсиланишастҳои "Ахтарони адаб"-и Муассисаро, ки ба шоири тоҷик ихтисос ёфтааст, ба фоли нек донист ва гуфт: Қутбӣ Киром дар адабиёти муосири тоҷик шоире маҳсуб мешавад, ки дар рушди шеъри муосири тоҷик дар солҳои шастум – навадуми асри бистуми мелодӣ нақши босазо ва носутурданӣ боқӣ гузоштааст. Қутбӣ Киром ҳудуди 40 сол дар саҳнаи адабу фарҳанги тоҷик фаъолияти пурвусъат  дошт ва наздики 35 китоб, аам аз маҷмӯаи шеър, манзума, филмнома, драма ва қисса ба ҳаводорони адабиёт  тақдим дошт. Ин шоир солҳои кор дар интишороти "Адиб" бештари осори шуарои классики форсу тоҷикро ба ҳуруфи кириллии тоҷикӣ тасҳеҳу таҳия намуда ва дар тарвиҷи осори бузургони адабиёти мо саҳми бориз гузоштааст".

Н.Зоҳидӣ дар идома таъкид намуд, ки “минтақаи мо маҳди бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Ҷомӣ,  Бедил ва дигарон аст. Имрӯз низ ин сарзамини шоирхезу адабпарвар чеҳраҳои дурахшони илму адабу фарҳангро, мисли Қутбӣ Киром, дорад ва муаррифии ин чеҳраҳои матраҳи фарҳангӣ  ба мардумони минтақа ва ҷаҳон рисолати аслии Муассисаи фарҳангии ЭКО аст. Иҷрои ин рисолат ба таҳкими ҳамкорӣ ва дӯстии мардумони минтақаи ЭКО мусоидат мекунад”.  

Дар поёни барнома аз китоби "Дафтари Порис", ки чанде пеш тавассути Шоҳмансури Шоҳмирзо - коршиноси Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО бо хатти форсӣ баргардон ва аз тариқи интишороти "Орван" мунташир гардид, рӯнамоӣ шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg