7 ноябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқим, донишҷӯён ва таҷрибаомӯзони тоҷики донишгоҳҳои тиббии Теҳрон ва кормандони Сафорат чорабинии идона баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Н.Зоҳидӣ дар суханронии шодбошии худ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфта, аҳаммияти Конститутсияро ҳамчун санади сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон ва заҳмату талошҳои Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди устувор ва дастовардҳои азими кишвар дар заминаи татбиқи самараноки муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби дипломатҳои Сафорат дар мавзӯъҳои “Конститутсияи Тоҷикистон - сарчашмаи татбиқи сиёсати хориҷаи кишвар” ва “Конститутсия ва ташаккули низоми хидмати дипломатии Тоҷикистон” маърузаҳо ироа гардиданд.



