Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорат

16.11.2024 11:35

 16 ноябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон нишасти ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони намояндагии дипломатӣ доир гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии шодбошии худ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  рамзи иттиҳоди мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат номида, таҷлили ин ҷашнро бозтоби ихлос, садоқат ва иродати самимии тоҷикистониён ба шахсияти Президенти мардумии худ донист. Сафир хидматҳои бузурги Президенти Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу субот дар кишвар, ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон, рушду тавсеаи пойдори мамлакат ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ зикр намуда, масъулияти  ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, аз ҷумла кормандони низоми хидмати дипломатии Тоҷикистонро  барои ободиву пешрафти ватани азизамон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд.

Дар толори Сафорат намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg