19 ноябри соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Самад Ҳасанзода вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва саноат, инчунин тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ миёни Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар мулоқот Ҳусейн Ғуломзода ба ҳайси намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ карда шуд.