Паёми табрикотиӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2024 12:25

Ҳамватанони гиромӣ, дӯстони азиз!

24-уми ноябр мардуми сарбаланди Тоҷикистон боз як ҷашни таърихӣ-Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва ифтихори ватандориро бедор мекунад. Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.

Парчами давлати Тоҷикистон чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Имрӯз дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавие, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин дар муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон парчами кишвари маҳбуби мо парафшон мебошад. Зери Парчами давлатӣ равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда шудааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанонамонро дар Эрон бо Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, тамманои онро дорад, ки Парчами мо ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2024

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg