25 ноябри соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо Раиси Донишгоҳи технологии Молики Аштари Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдии Ҷаъфарӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо миёни ин Донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, зимни ин ҷаласа ба теъдоди аз донишҷӯёни тоҷик, ки давраи кутоҳмудати омӯзиширо дар ин Донишгоҳ гузаштаанд, шаҳодатномаи хатми давраи омӯзишӣ тақдим гардид.

