Мулоқоти Сафир дар Вазорати нерӯи ҶИЭ

24.11.2024 13:17

24 ноябри соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Н.Зоҳидӣ бо мушовири Вазир, раиси Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҷтабо Акбарӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон, ки қарор аст дар фурсатҳои наздик баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо нақши вижаи ин Комиссияро дар фаъол гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба ва зарурати омодагии комилро ба ҷаласаи навбатии он таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg