Форуми сайёҳии Тоҷикистону Эрон дар ҷазираи Киш

28.11.2024 10:27

28 ноябри соли 2024 дар ҷазираи Киш форуми сайёҳии Тоҷикистону Эрон баргузор гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Минтақаи озоди иқтисодии Киш Муҳаммадҷаъфари Кабирӣ, роҳбари намояндагии Вазорати умури хориҷа дар Киш,  масъулини ниҳодҳои давлатии Эрон,  хайати бахши хусусии соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ бо роҳбари директори ширкати ватании Somon Travel ва мудирони аршади соҳаи сайёҳии Эрон ширкат варзиданд.

Зимни суханронии худ Сафири Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ доир ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоту тавонмандиҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассалро ироа намуд.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ оид ба роҳандозии хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва табодули таҷриба дар самти пешниходи маҷмӯи хизматрасониҳо ба меҳмонону сайёҳон бо фаъолони хавзаи гардишгарии Эрон ба тавофуқ расиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg