Ҳамоиши "Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон" рӯзи 25 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш, ки дар чаҳор бахш баргузор гардид, гурӯҳи донишмандони тоҷик бо сарварии Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Шарифзода ва рӯдакишиносони маъруфи эронӣ доир ба масъалаҳои муҳимми рӯзгор ва осори бунёнгузори адабиёти тоҷику форс Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ маърузаҳои илмӣ манзур намуданд.
Дар ҳамоиш китоби ,,Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме", таълифи олими маъруфи тоҷик шодравон Аълохон Афсаҳзод дар бораи зиндагӣ ва осори Одамушшуаро, ки бо хати ниёгон дар Эрон чоп шуд, рӯнамоӣ гардид.
Дар маросими ихтитомияи ин ҳамоиш Вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Симоии Сарроф, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҶумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Ректори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ҷавон Ҷаъфарӣ ва дигарон суханронӣ суханронӣ намуда, Рӯдакиро яке аз сарҳалқаи пайванди маънавиву фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон ва намоде аз аз адабиёт ва тамаддуни муштараки тоҷикон ва эрониён номиданд.
Дар поёни ҳамоиш баёнияе иборат аз 10 банд қабул шуд, ки дар он 22 сентябр ба унвони рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар ҳарду кишвар, таъсиси котиботи доимии ҳамоиши “Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон” дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва баргузории ҳамасолаи ин ҳамоиш ба навбат дар ду кишвар, ҳамчунин иҷрои пажӯҳишҳои муштарак доир ба Рӯдакӣ ва адабиёти аҳди Сомониён пешниҳод гардидааст.