29 декабри соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири омӯзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Козимӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва амалӣ намудани барномаҳои муштарак дар ин соҳаро баррасӣ карданд