31 декабри соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи сайёҳӣ миёни ду кишвар, ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои ҳунармандони саноеи дастӣ, пешниҳоди номинаҳои муштараки фарҳангӣ барои сабт дар ЮНЕСКО ва тармиму бозсозии осори таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мазкур таъсиси Кумитаи муштараки ҳамкориро миёни ду кишвар ба салоҳи кор донистанд.