1 январи соли 2025 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Марказ оид ба умури байналмилалӣ ва мадориси хориҷии Вазорати омӯзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Таботабоӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Эрон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла сохтмони мактаби байналмилалии “Рӯдакӣ” дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
