04 январи соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини маросим ва ташрифоти Раиси Дафтари Раисҷумҳури Эрон Сайид Аббоси Мусавӣ мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тадорукотиву ташрифотии марбут ба сафарҳои сатҳи олӣ миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир шуд.
