Нишасти адабӣ дар Теҳрон

27.01.2025 17:24

27 январи соли ҷорӣ Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар қароргоҳи ин Муассиса бахшида ба 60-солагии Шоири халқии Тоҷикистон – Фарзона нишасти адабӣ  баргузор намуд, ки дар он намояндагони доираҳои илмиву адабӣ, пажӯҳишгарону рӯзноманигорон ва алоқамандони шеъру адаб ширкат доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ, бо ишора ба дастовардҳои фарҳангиву адабии  Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият ва рушди ҳамкориҳо дар ин самт бо Эрон,   нақши боризи Фарзонаро дар адабиёти муосири Тоҷикистон ва ҳавзаи адабиёти форсизабонон таъкид кард ва шеъри ӯро шеъри ҳомили паёмҳо ва башоратҳои инсонсоз ва миллатсоз, шеъри бозгӯкунандаи ормонҳои ахлоқиву маънавии инсон ва ҷомеа ва шеъри ҳидояткунанда ба ислоҳу салоҳи иҷтимоӣ донист.

Саъд Хон - раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ  дар ибтидои суханаш Фарзонаро аз ифтихороти минтақаи СҲИ хонд ва таъкид кард, ки осори ин шоири маъруфи Тоҷикистон  дар  кишварҳои минтақа бо истиқболи самимии хонандагон мувоҷеҳ шудааст.

Дар идомаи нишаст Алиризо Қазва - шоир,  раиси Идораи мусиқӣ, шеър ва суруди Созмони садо ва симои Эрон,  Алиасғари Шеърдӯст - раиси Муассисаи фарҳангии "Шаҳриёрон", профессор Абдунабӣ Сатторзода – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иброҳим Худоёр - устоди Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон, Нурмуҳаммад Нурниё-муҳаққиқи афғонистонӣ дар суханрониҳои ҳузурӣ ва маҷозии худ роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни осору андешаи Фарзона изҳори назар намуданд.

Шоирони халқии Тоҷикистон  Фарзона ва Озарахш дар интиҳои ҷаласа бо забони шеър аз меҳмонон изҳори сипос намуданд.

Дар поёни нишаст китоби "Ҳумоюннома" - ёдномае аз фарзанди шодравони Фарзона ва Озарахш, ки чанде пеш тавассути интишороти "Хирадгон" дар Теҳрон мунташир шуд, рӯнамоӣ гардид

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg