29 январи соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ёвари Вазир – мудири кулли Идораи Авруосиёи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҷтабо Демирчилу мулоқот намуд.
Зимни мулоқот бо таваҷҷуҳ ба музокироти сарони ду давлат зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, оид ба маҷмӯи васеи масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, гардишгарӣ, илму фарҳанг ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба табодули сафарҳои ҳайатҳои баландпоя ва ташкили ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд.
