30 январи соли 2025 Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири навтаъйини Туркманистон дар Эрон Иляс Гайипов вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунии робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун ва ҳамкориҳои намояндагиҳои дипломатии ду кишварро дар доираи корпуси дипломатӣ баррасӣ намуданд.