“Шаби Тоҷикистон” дар Теҳрон

07.02.2025 08:22

5 феврали соли 2025 Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии “Ҳуршед” ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон «Шаби Тоҷикистон»-ро  аз силсилаи «Шабҳои дипломатӣ» дар толори Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломии Эрон баргузор намуд, ки дар он масъулони Вазорати умури хориҷаи Эрон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, сиёсатмадорон, донишмандон, рӯзноманигорон, алоқамандони шеъру адаб ва ширкатҳои сайёҳии эронӣ ҳузур доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ дастовардҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистонро дар солҳои Истиқлол таъкид намуда, рушду тавсеаи ҳамкориҳоро бо  Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид. Дар ин замина, таъкид гардид, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии  Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон ва тавофуқҳои ҳосилшуда зимни он марҳилаи ҷадидеро дар  раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст оғоз мекунанд.

Дар идомаи нишаст Ҳуҷҷаттулоҳ Аюбӣ - мудири Муассисаи фарҳангии “Ҳуршед”, Мирҷалолиддини Каззозӣ - чеҳраи мондагори адабиёти Эрон, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ - раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва дигарон дар суханрониҳои худ роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳои фарҳангиву адабӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистону Эрон изҳори назар намуданд.

Дар доираи чорабинӣ шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш дар васфи Тоҷикистон ва дӯстии мардумони ду кишвар шеърҳо қироат карданд.

Санъаткорони маъруфи эронӣ Маҷид Дурахшонӣ ва Алӣ Худоӣ оҳангу сурудҳои Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон марҳум Давлатманд Холовро иҷро намуданд.

Дар ҳошияи “Шаби Тоҷикистон” китобҳои Пешвои миллат ва шоирону адибони Тоҷикистон ба хатти ниёгон, либосҳо ва  осори ҳунарҳои дастии миллӣ, аксҳои ҷозибаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии кишварамон ба намоиш гузошта шуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон қарор гирифт. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg