6 феврали соли 2025 Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар маросими таҷлили солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон, ки дар толори Иҷлоси сарон бо ҳузури Раисҷумҳури ҶИЭ ҷаноби Масъуди Пизишкиён, Вазири умури хориҷаи ҶИЭ ҷаноби Сайид Аббоси Ароқчӣ, масъулини баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои соҳмонҳои байналмилалии муқими Теҳрон баргузор гардид, ширкат варзид.
Дар маросим Раисҷумҳур ва Вазири умури хориҷаи ҶИЭ суханронӣ намуда, муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷии Эронро дар марҳилаи кунинӣ баён ва омодагии Эронро ба ҳамкорӣ ва таомул бо ҷаҳони имрӯз эълом карданд.
Зимни ойини салому табрики сафирон ба Раисҷумҳур ва Вазири умури хориҷаи ҶИЭ Сафири Тоҷикистон салому табрикот ва таманниёти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарият ва мардуми шарифи Эрон расонид.