Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон

11.02.2025 13:16

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон (Tehran International tourism and Related Industries Exhibition (TITE) иштирок дорад.  

Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имконоти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда мешаванд.

Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин вохӯриҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон дар шакли соҳибкор бо соҳибкор дар назар буда, зимни онҳо масоили ифтитоҳи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон баррасӣ мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg