ЭЪЛОН

21.02.2025 13:03

 

Ҳамватанони азиз!
 

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки 2 марти соли 2025 аз соати 08:00 то 20:00 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар ин робита, шумо ва аъзоёни оилаатонро, ки ба синни 18 сола расидаанд, барои иштирок дар маъракаи мазкур даъват менамоем.

Иштирок дар интихобот ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар нафарест, ки ба имрӯзу ояндаи ватани азизамон бетафовут нест.

Марҳамат ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон!


Суроғаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶИЭ:
Теҳрон, шимоли Кохи Ниёварон, хиёбони шаҳид Зайналӣ,

кӯчаи сеюм, блоки 10, тел.: (+9821) 22299584, 22834650


Эзоҳ: Лутфан бо худ гирифтани ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи шахсияти худро фаромӯш накунед.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg