Мулоқот бо ноиби муовини якуми Президенти Эрон

11.03.2025 15:00

10 марти соли 2025 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ноиби муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Алӣ Наҷафӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили вобаста амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда аз натиҷаи сафари ҳайатҳои олӣ баррасӣ гардида, оид ба роҳҳои рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, роҳу нақлиёт ва сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg