12 марти соли 2025 вохӯрии Сафири Тоҷикистон Н.Зоҳидӣ бо Муовини дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Силапбердӣ Нурбердиев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таҳияи санади нав - “Чашмандози СҲИ барои солҳои 2026-2035”, инчунин баргузории форуму чорабиниҳои мухталифро дар доираи Созмон, аз ҷумла дар Тоҷикистон мавриди муқокима қарор доданд.
