Бузургдошти ҳаким Низомии Ганҷавӣ

11.03.2025 12:16

Дар толори “Ваҳдат”-и Теҳрон 11 марти соли ҷорӣ ҳамоиши бузургдошти ҳаким Низомии Ганҷавӣ бо ҳузури роҳбарони вазорату ниҳодҳои фарҳангӣ, аҳли илм, адаб ва ҳунари Эрон, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва алоқамандони мероси ин шоири бузурги форсизабон баргузор гардид.  Дар ин ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Н.Зоҳидӣ низ суханронӣ намуда, доир ба мақоми волои ҳаким Низомӣ дар адабиёти минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунин доир ба дастовардҳои низомишиносии тоҷик изҳори андеша намуд.

Аз ҷумла, Сафир таъкид  намуд, ки ҳаким Низомӣ бузургтарин сарояндаи достонҳои ғиноӣ дар адабиёти форсизабон маҳсуб мешавад. Пас аз он ки ҳаким Фирдавсӣ бо офариниши “Шоҳнома”-и безаволи худ кохи муҳташамеро дар  достонсароии ҳамосии форсу тоҷик эҷод кард, ҳаким Низомӣ бо “Хамса”-и худ кохи дигари шеъри форсизабонро дар сурудани достонҳои ғиноӣ бунёд ниҳод. Ин хидмати бузурги Низомӣ барои тамомиёр гардидани достонсароии адабиёти форсу тоҷик  нақши бузург гузошт.

Таъкид гардид, ки ҳаким Низомӣ аз шуарои мубтакири форсигӯ аст, ки бо "Хамса" ва ё "Панҷ ганҷ"-и худ суннати хамсанависиро дар адабиёти форсу тоҷик  пайрезӣ намуд ва бад-ин васила ба  номаш  муҳри абадият зад. Ин ибтикори ҳаким Низомӣ боиси ғаномандии адабиёти форсизабон гардид, зеро шоирони бисёре ба маснавиҳои ҷудогонаи “Хамса”-и Низомӣ назираҳо сурудаанд. Дар таъйиди ин матлаб зикр шуд, ки  ба панҷ маснавии “Хамса”-и Низомӣ, яъне, “Махзан-ул-асрор”, “Хусрав ва Ширин”,  “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Ҳафт пайкар” ва “Искандарнома”-и  ӯ дар маҷмуъ дар ҳудуди 270 маснавии ошиқона ва орифона дар забонҳои гуногуни Эронзамини таърихӣ дар тӯли 800 соли ахир суруда шудаанд,

Чунин ҷойгоҳи волои Низомӣ дар адабиёти Эронзамин, минтақа ва ҷаҳон боис шудааст, ки донишмандони Шарқу Ғарб ба таҳқиқ, тасҳеҳу нашр ва тарвиҷи осори мондагори ҳаким Низомӣ ҳиммат гуморанд.  

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон тамоми осори Низомӣ ба зевари табъ ороста гардида, дар хидмати алоқамандони шеъру адаб гузошта шудааст. Адабпажӯҳони тоҷик, аз қабили Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода,  Аълохони Афсаҳзод, Худоӣ Шарифзода ва дигарон роҷеъ ба аҳвол ва осори Низомии Ганҷавӣ таҳқиқоти судманд анҷом додаанд.

Намунаҳои осори Низомӣ ба китобҳои дарсии мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ворид шудааст. Теъдоде аз хиёбонҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба исми ин шоири бузург номгузорӣ шудааст. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир ва адиби барҷастаи тоҷик  устод Турсунзода, ки мафтуни ашъори Низомӣ  буд, ва худ эътироф кардааст, ки :"Шеъри ноб ва инсонпарваронаи Низомӣ маро шоир кард", бо асарпазирӣ аз "Лайлӣ ва Маҷнун"-и Низомӣ манзумаи арзишманди "Ҷони ширин"-ро суруд. Намоишномаҳое бар пояи достонҳои "Хамса"-и Низомӣ, аз ҷумла “Хусрав ва Ширин” ва “Лайлӣ ва Маҷнун”-и ӯ дар театрҳои Тоҷикистон  ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳунарманди тоҷик Амирбек Мусоев операи "Хусрав ва Ширин"-ро бар пояи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар таҳия намуд, ки дар соли 2019 дар ҷашнвораи театрии "Парасту" мақоми аввалро касб намуд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки ном ва осори Низомии Ганҷавӣ ҳалқаи васли кишварҳову миллатҳои минтақа, мисли Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон  ва тамоми форсизабонони ҷаҳон мебошад. Ба ин маънӣ, бузургдошти ҳаким Низомии Ганҷавӣ бузургдошти сармояҳои адабӣ ва арзишҳои маънавии муштарак аст, ки дар тӯли қарнҳо кулли форсизабонон ва миллатҳои минтақаро ба ҳам пайвастаанд ва имрӯз низ моро ба таҳкими равобит ва таомулоти фарҳангӣ дар ин дунёи пуртазод ва пуртаҳаввул даъват мекунанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg