18 марти соли 2025 дар Шероз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо устондор (раиси вилоят)-и Шероз Ҳусейналии Амирӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, саноату кишоварзӣ ва фарҳангу гардишгарӣ табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо истифодаи зарфият ва тавонмандиҳои мавҷуда, аз ҷумла робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбеву Шерозро барои тақвияти ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

