Бино ба вазъи ба амаломада дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Сафорат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки барои мусоидат ба хориҷ шудани хоҳшмандон аз қаламрави Эрон дар Сафорат Ситод бо навбатдории 24 соата таъсис ёфтааст. Шаҳрвандоне, ки нияти хориҷ шудан аз Эронро доранд, метавонанд ба телефонҳои Сафорат, кормандони он ва почтаи электронии зерини Сафорат муроҷиат кунанд: +982122299584, +982122834650, +989334297865, +989304334234, +989104519815, +989367903297. e-mail: tajemb.iran@gmail.com Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати баромадан аз кишвар гузаргоҳҳои сарҳадии “Боҷгирон”-и Эрону Туркманистон ва “Астара”-и Эрону Озарбойҷон истифода кунанд. Барои баромадан аз Эрон аз тариқи ин ду гузаргоҳи марзӣ бояд ҳамоҳангиҳо бо мақомоти марбутаи Эрон ва Туркманистону Озарбойҷон сурат гирад, ки онро Сафорат анҷом медиҳад. Барои ин аз шаҳрвандони муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба телефонҳои болозикр тамос гиранд ва ба почтаи электронӣ нусхаҳои шиносномаи хориҷии худро бо зикри шумораи ватсап ё телефони мобилии эронии худ ирсол намоянд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон