Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон

30.07.2025 13:32

30 июли соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо бо мақсади таҳкими дӯстии анъанавии Тоҷикистону Эрон, ки дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила рушд меёбанд, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg