Тоҷикистон бо Эрон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳад

31.07.2025 07:42

30 июли соли 2025 дар шаҳри Кумини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Машварати 10-уми вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Нурӣ Ғуломризо вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, тавсеаи раванди амалишавии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ниҳодҳои кишоварзии ду давлат, афзоиши гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии доираҳои соҳибкории тарафайн, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обу замин ва истеҳсоли маҳсулоти органикиро баррасӣ шуданд.

Инчунин ҷонибҳо ба бунёди низоми нигоҳдорӣ, коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори сифат, яъне бунёди лабораторияҳои арзёбии сифати об, хок ва маҳсулоти ниҳоӣ, ки дорои аккредитатсияи байналмилалӣ бошанд, диққати махсус зоҳир намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg