Мулоқоти Сафир бо муовини Вазир умури хориҷаи Эрон

12.08.2025 17:22

12 августи соли 2025 мулоқоти Сафири кишвар бо муовини Вазир, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Исмоил Бақоӣ доир гардид.

Дар ин дидор ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳо дар самти фарҳангӣ ва дипломатияи умумӣ, аз ҷумла баргузории ҳафтаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар кишварҳои якдигар, бузургдошти намояндагони илму адаб ва фарҳанги ду кишвар ва масоили мавриди эҳтимоми ҷонибҳо мубодилаи афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg