Нишасти муштараки ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон

17.08.2025 11:33

17 августи соли 2025 ба мақсади ҷалби фаъолони соҳаи сайёҳии Эрон ба «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)»-2025 дар шаҳри Теҳрон нишасти муштарак миёни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. 

Дар чорабинии мазкур раиси Идораи мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии устони Теҳрон доктор Тулуӣ ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Эрон низ иштирок карданд.

Инчунин дар нишасти мазкур роҷеъ ба ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистону Эрон, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангию сайёҳӣ  табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон шоми 17 августи соли 2025 дар маҷмааи варзишии “Pas club”-и Теҳрон бозии дӯстона миёни тимҳои футзали ҳунармандону блогерони Тоҷикистон ва Эрон бо ҳузури сершумори тамошобинон доир шуд. 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg