Эълон

25.08.2025 18:47

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шахсоне ки бо истифода аз низоми лағви раводид ба муҳлати 1 моҳ бо мақсадҳои табобат, сайёҳат ва тиҷорат вориди Эрон мегарданд, дар асоси муқаррароти Ёддошти тафоҳуми оид ба лағви раводид байни ҶТ ва ҶИЭ бояд қабл аз тамом шудани ин муҳлат ҳудуди кишвари иқоматро тарк намоянд.

Дар сурати гузаронидани муҳлати муқарраргардида, ки аз 30 рӯз бештар буда наметавонад, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҷаримабандӣ гардида, аз кишвар ихроҷ гарданд.

Бинобар ин, шаҳрвандоне, ки барои будубоши тӯлонӣ ва бештар аз 30 рӯз ба Эрон сафар менамоянд, бояд аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе раводиди вурудӣ ба муҳлати 3 моҳ вобаста ба мақсади сафарашон дастрас намоянд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg