Густариши ҳамкории дуҷониба дар самти ҷавонон ва варзиш ва мубодилаи таҷриба дар бахши рушду тарбияи насли ҷавон дар мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмади Дунёмолӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо доир ба тақвияти робитаҳои дӯстона байни созмонҳои варзишӣ ва ҷавонони ҳарду мамлакат, инчунин татбиқи барномаҳои муштарак барои солҳои 2025–2026 табодули назар намуданд.
Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкории Тоҷикистону Эронро дорои заминаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ин робитаҳо метавонанд дар таҳкими дӯстӣ ва рушди варзиши касбию оммавӣ нақши муассир дошта бошанд.
Ҳайати Тоҷикистон барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла баргузории мусобиқаҳои гуногуни дӯстонаи варзишӣ, табодули ҳайатҳои ҷавонон ва таҷрибаомӯзии мутахассисон изҳори омодагӣ намуд.
