Мулоқоти Сафир бо Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон

27.08.2025 16:52

27 августи соли 2025 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо  Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломризо Амирхонӣ доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои китобдорӣ, танзими давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва бойгонӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, табодули китобҳо ва дастхатҳои қадимӣ ибрози назар намуданд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg