30 августи соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо мушовир, дастёри вижаи Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилалӣ Абулфазли Амуӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвар дар рушди равобити дуҷониба ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқиву қарордодии муносибатҳои дуҷониба нақши муассир доранд.
Вобаста ба ин, нақши муҳими сафари расмии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Эрон дар таърихи 8-9 январи соли 2024 ва сафари Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 октябри соли 2024 дар густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар таъкид гардид.
Бо ҳадафи идомаи муколамаи созандаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон Абулфазли Амуӣ даъватномаи Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибофро ба унвони Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Идизода барои анҷоми сафари расмӣ ба Сафири Тоҷикистон таҳвил дод.
Мусоҳибон ҳамчунин доир ба саҳми гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ дар равобити парлумонҳои ду кишвар ибрози андеша намуданд ва табодули сафарҳои ин гурӯҳҳоро ба нафъи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон донистанд.