Таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар Теҳрон

09.09.2025 20:27

9 сентябри соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон чорабинии идона бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон доир гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва Озарахш, инчунин донишҷӯён, соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Эрон зиндагӣ ва фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии шодбошии худ доир ба дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давоми 34 сол ибрози назар карда, нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои Истиқлолият, ташаккули давлатдории миллӣ, густариши худшиносии таърихии тоҷикон ва афзоиши обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯз таъкид намуд.

Сипас, шоирон Фарзонаи Хуҷандӣ, Озарахш ва Шоҳмансури Шоҳмирзо дар васфи Тоҷикистон, Истиқлолият ва Пешвои миллат шеърҳои худро қироат карданд, ки мавриди истиқболи аҳли нишаст қарор гирифт.

Дар чорабинӣ наворҳои видеоӣ доир ба рушду тавсеаи Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият ва сурудҳои хонандагони маъруфи тоҷик дар тараннуми Ватан, миллат ва Истиқлол пахш гардиданд. Ҳамчунин, ба таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабинии идона намоиши китобҳои Пешвои миллат, осори ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллӣ пешкаш гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба донишманди эронӣ Ҳония Муғонӣ, ки дар озмуни байналмилалии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Ҳифзи пиряхҳо” ба муносибати эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли “Ҳифзи пиряхҳо” ҷойи 2-юмро ишғол намуда буд, ҷоизаи ин озмун аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg