Ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 9 сентябри соли 2025 аз соати 19.00 то 21.00 дар Маҷмааи “Бурҷи Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши пайвастаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нурафшонӣ карда шуд.
Кормандони Сафорат, намояндагони вазорати умури хориҷаи Эрон ва сокинону меҳмонони шаҳри Теҳрон ин рӯйдоди сиёсиву фарҳангиро, ки бозтоби равобити ҳасанаи ду кишвари дӯст аст, мушоҳида карданд.
