14 сентябри соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Юраж Сиваҷек доир гардид.
Дар ин дидор ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин вазъи минтақаву ҷаҳон табодули афкор намуданд.
