Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)

16.09.2025 18:56

16 сентябри соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Мудири иҷроияи Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Меҳрдод Рахшанда доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо тақвияти масоили равобити фарҳангиро дар доираи Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), аз ҷумла баргузории барномаҳои бузургдошти шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, чопи маҷаллаҳо, ҳамчунин пешниҳодоти Тоҷикистонро ба лоиҳаи Барномаи кории Созмон барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд.

16.09.2025.18.10.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg