17 сентябри соли 2025 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Мудири кулли ташрифоти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбари Назарӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ташрифотии марбут ба фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, баррасӣ шуданд.