Мулоқоти Сафир дар Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон

08.10.2025 12:57

8 октябри соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсини Ҷаводӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон, ҳамчунин баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар ду кишвар, ҷашнвораҳои муштараки театрӣ ва синамоӣ, намоишгоҳҳои китоб, таҷлили муштарак аз бузургони илму адаб ва фарҳанги ду кишвар ва ғайра табодули назар карданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg