23 октябри соли 2025 Дар доираи ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Чиддаи Арабистони Саудӣ маҷмуи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва ҷараёни иҷрои протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Шероз ба имзо расида буд, баррасӣ ва натиҷаҳои он қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҷаласаи навбатии Комиссия, ки баргузории он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, табодули афкор намуданд.
Дар идома ба муҳтавои масъалаҳое, ки дар ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об баррасӣ шуданд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки ҳудуди 4-5 фоизи ҳаҷми умумии неруи барқи истеҳсолшавандаро таъмин менамояд, изҳори қаноатмандӣ карда, онро намунаи ҳамкории муваффақи Тоҷикистону Эрон дар соҳаи энергетика номид.
Ҳарду ҷониб дар анҷом барои боз ҳам тақвият додани робитаҳои мутақобил, хусусан дар самти энергетика ва захираҳои об изҳори омодагӣ намуданд.
