Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода

29.01.2020 15:45

12311.jpg

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

8 июни соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои филологӣ, Узви вобастаи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор; Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1979-1981 - тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ, ш. Бағдод;
Солҳои 1981-1997 – дар низоми Академияи илмҳои Тоҷикистон бо кори илмиву таҳқиқотӣ машғул буд;
Солҳои 1998-2010 - дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вазифаҳои ноиби ректор ва ректори Донишгоҳ кор кардааст;
Солҳои 2010-2015 -  Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2016-2019 - Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 10 апрели соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Забонҳои арабӣ, русӣ ва форсиро медонад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg