Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар устони Систону Балучистон

02.01.2020 20:47

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 1 январи соли 2020 сафари корӣ ба устони Систону Балучистони Эрон анҷом дод, ки ҳадаф аз он баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва огоҳӣ аз вазъи ҳамватанони мо дар устони мазкур буд.

Дар мулоқот бо муовини Раиси устони Систон ва Балучистон  Алии Зайниванд ҷонибҳо доир ба  тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба ва нақши бандари Чобаҳор дар ин раванд табодули назар намуданд. Ҳамзамон зарурати истифода аз имконоти ду кишвар дар соҳаи гардишгарӣ таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо сарвари ҳавзаи илмии аҳли суннати  устони   Систону Балучистон, имоми ҷумъаи масҷиди Маккии аҳли суннати Зоҳидон ва раиси Дорулулуми Маккии ин шаҳр  мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ мулоқот кард, ки зимни он масъалаи мутобиқати  таҳсили динии шаҳрвандони тоҷик дар мадрасаҳои ҳавзаи илмии устони Систону Балучистон ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар идомаи сафари корӣ вохӯрии Сафир бо толибилмони тоҷики мадрасаи Маккӣ доир гардид, ки дар он  Сафир, бо ишора ба дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол  дар татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии Пешвои миллат, зарурати пайвастани толибилмони мадрасаи мазкурро, ки ба тариқи ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, ба раванди созандагиву бунёдкорӣ дар Ватан таъкид кард.

Дар фарҷоми сафари корӣ нишасти Сафир бо аъзои Утоқи бозаргонӣ, тиҷорат, саноат ва маодини устони Систону Балучистон баргузор гардид, ки дар он мубодилаи афкор оид ба зарфияту тавонмандиҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва транзитии устони мазкур ва Тоҷикистон сурат гирифта, мулоҳизаву пешниҳодоти судманд  ҷиҳати роҳандозии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ садо доданд.

1bistoni.jpg

 

Нигористон

Тақвим